“Тоҷикаэронавигатсия”: пешниҳоди хизмати аэронавигатсионӣ ба 310 ширкат
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз сохторҳои калидии соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пайваста мавқеи худро дар ташкили интиқоли ҷаҳонӣ ва корҳои интегратсионии АвруОсиё мустаҳкам менамояд. Барномаи истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2014 асосан бо мустаҳкамшавии рушд ва нишондиҳандаҳои вусъати сифату самаранокии кор, ки ҳамагӣ баҳри таъмини бехатарии парвозҳои киштиҳои ҳавопаймоӣ дар фазои ҶТ равона шудаанд, арзёбӣ гардиданд,- гуфт Иброҳим Ҷобиров, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” имрӯз, 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Хизматҳои аэронавигатсионӣ ба 310 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватанию хориҷӣ пешкаш мешаванд, ки аз ҷумлаи онҳо 24-тоаш ширкати иҷрокунандаи парвозҳои доимӣ ва 286 ширкати иҷрокунандаи парвозҳои ғайридоимӣ буда, барои иҷро аз аэродромҳои кишварамон ва 130 киштии ҳавопаймоӣ истифода мебаранд.
Ҳамчунин дар самти таъмини бехатарии парвоз, аз ҷониби роҳбарони сохторҳои таркибии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” пайваста корҳои мунтазами методӣ оид ба пешгирии вайронкунии талаботи ҳуҷҷату асноди идории роҳбарикунандаву технологӣ ва интизоми меҳнат гузаронида мешаванд. Мунтазам нақшаи чорабиниҳо оид ба барқарорнамоии воситаҳои таъминоти радиотехникӣ, метеорологӣ боздид ва такмил дода мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






