«Тоҷикматлубот»: Мушкилии мо кам будани нуқтаи ярмаркаи хӯрокворист
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).-Иттифоқи «Тоҷикматлубот» аз ниҳодҳои асосие мебошад, ки ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал ва бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш гузоштани он саҳми муҳим мегузорад. Чунин ҳадафҳо маҳз тавассути ташкил намудани ярмаркаҳои маводи ғизоӣ дар шаҳру навоҳии кишвар амалӣ мегардад. Аммо масъулин иброз доштанд, ки барои ташкил намудани ярмаркаҳои маводи ғизоӣ, хусусан дар бозорҳо кифоя набудани ҷой ба мушоҳида мерасад.
Номбурда инчунин афзуд, ки барои зиёд намудани муҳлати ярмаркаҳои маводи ғизоӣ дар шаҳру навоҳии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида истодаанд. «Пешниҳод мекунем, ки дар дарвозаҳои даромади шаҳри Душанбе замин диҳанд, ки мо ягон бозори яклухтфурӯш ташкил кунем, то ярмаркаҳо якрӯзаву дурӯза набуда, балки доимӣ бошанд»,-иттилоъ дод Гулнора Кокова.
Дар соли 2014 ҷиҳати таъмини аҳолӣ дар фасли сармо ва пешгирии болоравии нархҳо 29 352 тонна маҳсулот захира шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






