Тренинги идораи стратегии донишгоҳҳо
Душанбе,12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар доираи барномаи TEMPUS ва лоиҳаи «Институти идоракунии стратегии донишгоҳҳо» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон 9-10 январ дар мавзӯи «Идоракунии стратегии донишгоҳҳо» тренинги омӯзишӣ доир шуд. Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ иброз дошт, ки тренинги мазкур аз соли 2010 инҷониб амал мекунад. Бояд гуфт, ки тренинг барои идораи самараноки мудирияти донишкада гузаронида мешавад.
Сафиулло Ҳабибов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳаи ISMU барномаи TEMPUS дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳадафи асосии лоиҳа унсурҳои асосии низоми кредитии таҳсилотро фаҳмонида, дар асоси он идораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро самаранок ба роҳ мондан аст.
Бояд гуфт, ки тренинги мазкур боз як қадаме барои беҳтар гардонидани идора ва сифати таълим дар донишкада мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






