У. Ғаффоров- муаррих, адиб ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- 30 январи соли равон бахшида ба 70 — солагии профессор Усмонҷон Ғаффоров дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ доир мегардад. Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, конфронси илмӣ таҳти унвони «Профессор Усмонҷон Ғаффоров — муаррих, адиб, публитсист ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ» баргузор гардида, дар он оид ба ҳаёт ва фаъолияти мавсуф гузоришҳо ироа мегарданд.
Профессор Усмонҷон Ғаффоров барои хизматҳои шоиста соли 1999 бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Мавсуф Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар риштаи илм аст. Ӯ аз соли 1997 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2001 аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






