Ваколатдор сабабҳои гум шудани кӯдаконро шарҳ дод
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир гум шудани кӯдакон дар кишвар бештар ба назар мерасад. Ин масъаларо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода ташвишовар ном бурда, иброз дошт, ки дар ин самт корҳои назоратӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи Зариф Ализода ниҳоди онҳо бахусус ба таҳвилгоҳи ноболиғони шаҳри Душанбе рафта, сабаби ба ин таҳвилгоҳ овардани онҳоро муайян намуд. «Ноболиғон бештар аз он оилаҳое ҳастанд, ки ё падар ё модарашон дар муҳоҷират ҳастанд ва ё волидайн ҳарду ба муҳоҷират рафта, фарзандашонро дар ихтиёри бибиашон гузоштаанд», — иброз дошт Зариф Ализода имрӯз, 29 январ зимни нишасти хабарӣ.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба ин масъала инчунин афзуд, ки аксари кӯдакони ноболиғе, ки дар бозор ва ё кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби таҳвилгоҳи ноболиғон пайдо кардаанд, онҳое мебошанд, ки аз ноҳияҳои кишвар ба пойтахт омадаанд. Дар ҳамин ҳол Гулҷаҳон Умарова-сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак иттилоъ дод, ки соли 2015 ниҳоди онҳо дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар тасмим дорад, ки ҷиҳати пешгирии гумшавии кӯдакон дар кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳанд. Ба гуфтаи Гулҷаҳон Умарова сабаби дигари гум шудани кӯдакон дар кишвар пеш аз ҳама бемасъулиятии падару модар мебошад. « Мо чӣ тавр метавонем вақте кӯдаки мо ба кӯча мебарояд, ҳатто аҳамият надиҳем ё напурсем, ки ту ба куҷо меравӣ ва наход берун баромадани кӯдаки 5-6 солаи мо аз мадди назари мо дур монад»,-гуфт сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак.
Соли 2014 дар 14 минтақаи Тоҷикистон бо комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак, намояндагони Ҳукумат, аҳолӣ ва муаллимон ба тариқи мизҳои мудаввар вохӯриҳо гузаронида шуда, аз ҷумла оид ба масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, ҷиҳати пешгирии гумшавии кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом ёфтаанд.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






