Васвасаи шайтон

Январь 28, 2015 12:33

ё посух ба мақолаи танқидии Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад (Таджикская армия продолжает голодать), ки аз тарафи шаҳрванд Атоҷон Гадоев дар шабакаи интернетии таҳлилию иттилоотии Центр Азия 13.01.2015 сол ба табъ расидааст. 
 
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ Ховар). — Бояд ёдовар шуд, ки кайҳо боз ин шабакаи интернетии таҳлилию иттилоотии Центр-Азия қӯшунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавқеи ҳадафи худ қарор додааст. Бори аввал нест, ки ин шабакаи дасисабоз нисбат ба афсарону сарбозони тоҷик мақолаҳои дӯруғу бофтаи тӯҳматангези худро бо номҳои бофта бо мақсадҳои ғаразноку пардапӯшона пешкаши хонандагон мегардонад. 
Бадхоҳони миллати тоҷик аз дастовардҳо ва пешрафту тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳасад бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд шаъну шарафи ҷумҳурии моро дар арсаи байналмилалӣ коҳонанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоку ғаразноки худ душманони миллат дасисаю бӯҳтонро пешаи кори худ намудаанд.   
Ҷараёни санҷиши далелҳои мақолаи танқидии шабакаи интернетии Центр-Азия бо номи Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад аз он гувоҳӣ медиҳад, ки номҳои Ваҳобиддин Исматуллоев -сарбози қаторӣ аз дидбонгоҳи сарҳадии Ҳавотоғ-и ОС Истаравшан,  Нусратулло Умарқулов -истиқоматкунандаи маҳаллаи Тошати ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд, Каромат Зуҳриддинов -сардори ДС Боботағо-и ОС Истаравшан, Қудрат Фармонов -сардори хоҷагии фермерӣ ва Атоҷон Гадоев нависандаи мақолаи танқидии Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад  номҳои бофтаи душманони кинаҷӯй буда, бо мақсадҳои ғаразнок дар шабакаи интернетии Центр Азия ба чоп расидаанд.    
Маҳаллаи Тошати ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд аз ҳисоби коргарони фермаи чорвопарварӣ ташкил шуда, дар он тақрибан 20 оила истиқомат менамояд. Ҳар як истиқоматкунандаи ин маҳалла якдигарро хуб мешиносад. Мувофиқи гуфтаҳои истиқоматкунандагони маҳаллаи Тошат дар ҳудуди маҳаллаи онҳо шаҳрванд бо номи Нусратулло Умарқулов  вуҷуд надорад ва чунин шаҳрвандро онҳо намешиносанд. 
Шаҳрвандон Раҳимқулов Ҳасан Юлдошович ва Нуруллоев Ҷониқул Қодирқулович зимни суҳбат изҳор намуданд, ки онҳо зиёда аз 25-30 сол мешавад дар ин маҳалла истиқомат менамоянд, дар маҳали зисти онҳо касе бо номи Нусратулло Умарқулов то ба имрӯз истиқомат накардааст ва касеро бо чунин ном аз истиқоматкунандагони маҳаллаҳои атрофи ҷамоати Ниҷонии ноҳияи Истаравшан намешиносанд.  
Зимни суҳбат раиси ҷамоати Ниҷонии ноҳияи Истаравшан Рустамов Рузиқул Нарзуллоевич мақолаи танқидии сайти интернетии Центр-Азияро бо номи Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад, ки онро шаҳрванд бо номи Атоҷон Гадоев дар шабакаи интернетии Центр-Азия ба табъ расонидааст, бӯҳтон ва дурӯғ ҳисобид. Раис изҳор намуд, ки дар ҷамоати Ниҷонии ноҳияи Истаравшан зиёда аз 12 000 аҳолӣ истиқомат менамояд. Ӯ қариб ҳамаи истиқоматкунандагони деҳаҳои Ҳавотоғ ва Боботағои ҷамоати Нинҷониро, ки дар ҳудуди ин деҳаҳо дидбонгоҳҳои сарҳадии ҚС КДАМ ҶТ ҷойгир мебошанд, хуб мешиносад. Дар ҳудуди ҷамоат касе бо номҳои Нусратулло Умарқулов ва Қудрат Фармонов истиқомат намекунад ва дар бораи онҳо чизе нашунидааст. Боре ҳам аз тарафи истиқоматкунандагони ин деҳаҳо нисбат ба сарҳадбонони тоҷик касе шикоят накардааст. 
Аз суханони раиси ҷамоат бармеояд, ки шахсан худи ӯ якчанд маротиба ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Хавотоғ ва Боботағо-и ҚС КДАМ ҶТ рафта, бо шароити зиндагӣ ва фаъолияти хизматии афсарону сарбозони ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз наздик шинос гардидааст. Хуб медонад, ки  зиндагонии сарбозон рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст. Беҳуда нест, ки ҷавонон ин бехбудиҳоро дида, худашон ихтиёрӣ ба хизмат майл мебанданд. Имсол ҷамоати Ниҷонӣ аз аввалинҳо шуда, дар миқёси вилояти Суғд нақшаи даъват ба сафи Кувваҳои мусаллаҳи ҶТ-ро иҷро намудааст. Имрӯзҳо ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон дар ҳудуди ҷамоати Ниҷонӣ бисёранд. Онҳо худашон ба назди раиси ҷамоат омада, аз ӯ хоҳиш менамоянд, ки онҳоро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмат бифиристад. 
Мувофиқи гуфтаҳои Р. Рустамов мақолаи танқидии шабакаи интернетии Центр-Азия нисбат ба афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҳавотоғ ва Боботағо-и ҚС КДАМ ҶТ тӯҳмат буда, он бо мақсадҳои ғаразнок  пешкаши хонандагон гардидааст.   
Дар китоби қайдҳои ҷамоати Ниҷонии ноҳияи Истаравшан касе бо номҳои Нусратулло Умарқулов ва сардори хоҷагии фермерӣ бо номи Қудрат Фармонов ба қайд гирифта нашудааст. 
Дар суҳбат бо раиси ҷамоати Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан Қодиров Абдусаттор Ғаффорович изҳор намуд, ки маҳаллаҳои Боғи калон, Баландӣ, Миҷрон ва Тапқоқи ҷамоати Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан дар минтақаи таҳти назорати дидбонгоҳи сарҳадии Боботағо-и ОС Истаравшан-и ҚС КДАМ ҶТ ҷойгир мебошанд. Ҷамоати Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан зиёда аз 43 000 аҳолӣ дорад. То ба имрӯз касе аз истиқоматкунандагони деҳаҳои мазкур нисбат ба сарҳадбонон ба ӯ арзу шикоят накардааст. Бо номҳои Нусратулло Умарқулов ва Қудрат Фармонов дар ҳудуди ҷамоати Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан касе истиқомат намекунад ва касе бо чунин номҳо аз қайдҳои идораи ҷамоати Гули Сурхи ноҳияи Истаравшан нагузаштааст.     
А. Қодиров мақолаи танқидии Атоҷон Гадоевро нисбат ба афсарону сарбозони тоҷик дасисаи ғаразноки душманона  меҳисобад
Ҳангоми санҷиши ДС Ваҳдат, Хавотоғ ва Боботағо-и ОС Истаравшан маълум гардид, ки афсарону сарбозон бо номҳои дар мақолаи танқидии Атоҷон Гадоев Гурусна мондани сарбозони қӯшунҳои Тоҷикистон идома меёбад қайд гардида вуҷуд надоранд. 
Дидбонгоҳи сарҳадӣ бо маҳсулотҳои хӯрокӣ таъмин мебошанд ва сарбозон  аз маводи хӯрокӣ шикоят надоранд. 
Аз ин мебарояд, ки мақола бо мақсадҳои ғаразнок омода гардида, муаллифи он мехоҳад бо чунин роҳу восита дили ҷавонони тоҷикро аз хизмат ба модар- Ватан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сард созад. 
Ҷавонони ватандӯсти тоҷикро, ки худ созандаи ҳамаи соҳаҳо ва  шоҳиди ҳама гуна пешрафту тараққиёти ҷумҳурӣ мебошанд, бо чунин роҳу усул гумроҳ намудан ғайриимкон мебошад. Он ҷавононеро, ки алакай хизматро дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адо кардаанд ва ё аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мебошанд, на шайтон ва на каси дигар наметавонад аз ин роҳи муқаддас ва шарафманд, яъне хизмат ба модар- Ватан баргардонад. 
 
                                                                       Корманди СҚС КДАМ ҶТ  М.М. Розиқов 

Январь 28, 2015 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст