«Вазъият аз мо ҷавобҳою амалҳои якҷоя ва ниҳоиро талаб мекунад»-А. Антонов

Январь 28, 2015 16:10

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов мулоқотеро, ки бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошт, дар назди хабарнигорон  онро мулоқоти созанда, дӯстона ва ҳамаҷониба арзёбӣ кард.
«Президент ба масоили ҳамкориҳои мутақобила бо Русия дар самти низомӣ хеле бодиққат муносибат мекунад. Мо бо Сардори Давлати точикон масоили танзими вазъи минтақа, махсусан минтақае, ки Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд, масъалаҳоеро, ки чӣ тавр дар якҷоягӣ ба таҳдиду хатарҳои нав амал мекунем, хусусан дар робита ба берун шудани неруҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Дар ҳоле ки   вазъ дар ин минтақа на он қадар хуб аст. Ин вазъ аз мо ҷавобҳои якҷоя, амалҳои якҷоя ва ниҳоиро талаб мекунад. 
Ҳайати вазорати мудофиаи Русия ба Тоҷикистон барои он омадааст, ки дар амал кумакҳо ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамаъӣ бояд расонида шаванд, тезонад. Мо ба он назарем, ки бо расонидани кумак ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо амнияти Тоҷикистонро мустаҳкам мекунем, балки амнияти кишварҳои узви СААД — ро низ таъмин мекунем. Мо мехоҳем артиши Тоҷикистон бо техникаву технологияи наву муосир таъмин бошад.
Ман мехоҳам зикр намоям, ки дар мо тамоми қарорҳо барои расонидани кумакҳои амалӣ ба Тоҷикистон қабул шудаанд. Сухан дар хусуси ба Тоҷикистон расонидани силоҳу муҳимоти низомӣ, техникаи ҳарбӣ ва он муҳимоти ҷангие, ки барои Тоҷикистон дар айни замон хеле лозим аст, меравад. Тавре ки шумо медонед, мо солҳои тӯлонӣ баҳри омӯзонидани низомиёни Тоҷикистон дар муассисаҳо олии ҳарбии Русия барномаҳоро роҳандозӣ мекунем, танҳо дар ин сол барои омӯзонидани афсарони тоҷик 150 нафарро ҷалб кардем. Дар маҷмӯъ зиёда аз 500 — нафар аз артиши Тоҷикистон дар муассисаҳои олии низомии Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мо ҳамчунин фаъолияти пойгоҳи 201 — уми Федератсияи Русияро низ мавриди баррасӣ қарор додем. Мехоҳам иброз намоям, ки пойгоҳи 201 — ум дар ҳудуди Тоҷикистон сарҳадҳои ҷанубии Русия ва Тоҷикистонро ҳимоят мекунад. Ин пойгоҳ кафили амнияти давлатҳои минтақа ва давлатҳои узви СААД мебошад.
Ба манфиати Тоҷикистону Русия хоҳад буд, ки пойгоҳи мазкур пурқудрат ва омода ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳои минтақа барои кишварҳои мо бошад. Ҷаноби Президент ҳамкориҳои неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунад ва барои беҳсозии фаъолияти пойгоҳи 201 — ум ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод. Ва гумон мекунам, бо амалисозии ин супоришҳо пойгоҳи 201 — ум боз ҳам фаъолияти беҳтарро дар самти таъмини амнияти ҳарду кишвар ба роҳ хоҳад монд»,-иброз намуд муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия.

Январь 28, 2015 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст