«Вазъият аз мо ҷавобҳою амалҳои якҷоя ва ниҳоиро талаб мекунад»-А. Антонов
Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия Анатолий Антонов мулоқотеро, ки бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дошт, дар назди хабарнигорон онро мулоқоти созанда, дӯстона ва ҳамаҷониба арзёбӣ кард.
«Президент ба масоили ҳамкориҳои мутақобила бо Русия дар самти низомӣ хеле бодиққат муносибат мекунад. Мо бо Сардори Давлати точикон масоили танзими вазъи минтақа, махсусан минтақае, ки Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд, масъалаҳоеро, ки чӣ тавр дар якҷоягӣ ба таҳдиду хатарҳои нав амал мекунем, хусусан дар робита ба берун шудани неруҳои эътилофи байналмиллалӣ аз Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор додем. Дар ҳоле ки вазъ дар ин минтақа на он қадар хуб аст. Ин вазъ аз мо ҷавобҳои якҷоя, амалҳои якҷоя ва ниҳоиро талаб мекунад.
Ҳайати вазорати мудофиаи Русия ба Тоҷикистон барои он омадааст, ки дар амал кумакҳо ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамаъӣ бояд расонида шаванд, тезонад. Мо ба он назарем, ки бо расонидани кумак ба неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон на танҳо амнияти Тоҷикистонро мустаҳкам мекунем, балки амнияти кишварҳои узви СААД — ро низ таъмин мекунем. Мо мехоҳем артиши Тоҷикистон бо техникаву технологияи наву муосир таъмин бошад.
Ман мехоҳам зикр намоям, ки дар мо тамоми қарорҳо барои расонидани кумакҳои амалӣ ба Тоҷикистон қабул шудаанд. Сухан дар хусуси ба Тоҷикистон расонидани силоҳу муҳимоти низомӣ, техникаи ҳарбӣ ва он муҳимоти ҷангие, ки барои Тоҷикистон дар айни замон хеле лозим аст, меравад. Тавре ки шумо медонед, мо солҳои тӯлонӣ баҳри омӯзонидани низомиёни Тоҷикистон дар муассисаҳо олии ҳарбии Русия барномаҳоро роҳандозӣ мекунем, танҳо дар ин сол барои омӯзонидани афсарони тоҷик 150 нафарро ҷалб кардем. Дар маҷмӯъ зиёда аз 500 — нафар аз артиши Тоҷикистон дар муассисаҳои олии низомии Русия ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мо ҳамчунин фаъолияти пойгоҳи 201 — уми Федератсияи Русияро низ мавриди баррасӣ қарор додем. Мехоҳам иброз намоям, ки пойгоҳи 201 — ум дар ҳудуди Тоҷикистон сарҳадҳои ҷанубии Русия ва Тоҷикистонро ҳимоят мекунад. Ин пойгоҳ кафили амнияти давлатҳои минтақа ва давлатҳои узви СААД мебошад.
Ба манфиати Тоҷикистону Русия хоҳад буд, ки пойгоҳи мазкур пурқудрат ва омода ба ҳама гуна таҳдиду хатарҳои минтақа барои кишварҳои мо бошад. Ҷаноби Президент ҳамкориҳои неруҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистонро ҷонибдорӣ мекунад ва барои беҳсозии фаъолияти пойгоҳи 201 — ум ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супоришҳои мушаххас дод. Ва гумон мекунам, бо амалисозии ин супоришҳо пойгоҳи 201 — ум боз ҳам фаъолияти беҳтарро дар самти таъмини амнияти ҳарду кишвар ба роҳ хоҳад монд»,-иброз намуд муовини вазири мудофиаи Федератсияи Русия.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






