ВКД: Ҳадафи сафари хизматӣ — мубодилаи таҷрибаи корӣ
Душанбе, 02.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Чанде қабл ҳайати намояндагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром Ислом бо сафари хизматӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова қарор дошт.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ, мақсад аз сафари хизматии мазкур шиносоӣ бо таҷрибаи кории Ҷумҳурии Молдова дар самти муқобилият ба зӯроварӣ дар оила, ташкили кор бар зидди хариду фурӯши одамон ва кор бо қурбониёни ҷинояти мазкур, таҳкими робитаи дуҷонибаи политсия бо аҳолӣ ва дигар масъалаҳоро ташкил медод.
Ҳангоми вохӯриҳо ва ташриф ба муассисаю идораҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилии ин кишвар самтҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, пешгирии шиканҷа, мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон, истифодаи технологияи муосир ва самтҳои мубориза бо ҷинояткорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд, ки ҷиҳатҳои мусбати фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова минбаъд дар ҷараёни ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Аз натиҷаи сафари хизматӣ ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо барои беҳтар гардидани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва тақвият ёфтани муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар мусоидат хоҳад намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






