ВКД: Ташкили навбатдорӣ барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ
Душанбе, 02.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки аз 1-уми январи соли 2015 тамоми шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия мераванд ва ё ба дигар давлатҳо сафар менамоянд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ (биометрӣ) метавонанд сафар кунанд.
ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, ки бо Фармони вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шаҳри Душанбе ва тамоми вилоятҳои ҷумҳурӣ навбатдории 24-соата барои мусоидат намудан ба шаҳрвандон барои гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ (биометрӣ) ташкил шудааст. Аз ҷумла, дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилӣ низ ташкил гардидааст.
«Ғайр аз ин, ба тамоми хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷузъу томҳои он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ супориш дода шудааст, ки ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро омода сохта, ба шаҳри Душанбе барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ (биометрӣ) ирсол намоянд», — хабар медиҳад манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






