Вохӯрӣ бо ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон

Январь 22, 2015 15:31

Душанбе,  22.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).-  Дар  ҷараёни мулоқоти  корманди Намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират  Шоҳназар  Табаров бо  ваколатдор  оид ба  ҳуқуқи  инсон  дар  вилояти Самара Олга Галсова  масоили  ҳамкорӣ  барои ҳалли  проблемаҳои  муҳоҷирони  меҳнатии  тоҷики  вилояти  Самара  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. Дар  ин  бора котиби  матбуоти Намояндагии Муҳоҷирати  меҳнатии  ҶТ  дар  ФР  Иброҳим  Аҳмадов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Ваколатдори  вилояти  Самара  изҳор  дошт, ки  барои ҳалли масоили марбут ба  риояи  ҳуқуқу  манфиатҳои   шаҳрвандони  хориҷӣ,  аз ҷумла   шаҳрвандони  Тоҷикистон,  мусоидат  хоҳад  кард.
Ба  гуфтаи  котиби  матбуот, баъзан  мақомоти  судӣ  нисбат ба  муҳоҷирони  меҳнатӣ  дар  бораи  ихроҷи  маъмурӣ  қарорҳои  беасос  қабул  мекунанд.
Аз  аввали  сол бо  мадади  Намояндагии Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират  суди  вилоятӣ қарорҳои судҳои шаҳрҳои Одинсово ва  Красногорскро  дар  бораи   ихроҷи  маъмурӣ   нисбат ба  шаҳрвандони  ҶТ — сокини  шаҳри Панҷакент  Далер  Нуров  ва  сокини  шаҳри  Норак  Бой Иброҳимов  лағв  намуд. 
«Соли  2014 бо  мусоидати Намояндагӣ мақомоти  судии  минтақаи  Маскав 71 қарори  судҳои   ноҳиявӣ  дар  бораи  ихроҷи  маъмуриро  аз  эътибор  соқит  намуд»,  — гуфт Иброҳим  Аҳмадов. 
 
 

Январь 22, 2015 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид