Вохӯрии Неъматулло Эмомзода бо Мӯҳсин Пурсайид Оқоӣ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо муовини вазири роҳу шаҳрсозӣ, раиси ҳайат мудира ва раиси ширкати роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон Мӯҳсин Пурсайид Оқоӣ дидору мулоқот баргузор намуд.
Зимни мулоқот сафир дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ ва вазъияти кунунии кишвар дар самти амалигардонии лоиҳаҳои калони коммуникатсионӣ, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани панҷгонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ин самт, мувофиқаҳои нишасти коршиносони аршад, табодули назар намуда, таъкид намуд, ки татбиқи ин тарҳ ба манфиати ҳамаи кишварҳои масир ва тамоми минтақа хоҳад буд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи таъсиси гурӯҳи доимӣ тибқи ҷаласаи коршиносони аршади кишварҳои масир (ш. Душанбе, 8-9 декабри соли 2014) ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба иқдомҳои минбаъда дар самти тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди ҳамоҳангӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҷонибҳо бояд барои рушду тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва дар самти ҳамлу нақли роҳи оҳан тамоми имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷударо истифода намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






