Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Чанг Чинг Ю

Январь 20, 2015 15:27

Душанбе, 20.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- 19 январи соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чанг Чинг Юро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон дар мулоқот мубодилаи судманди афкор оид ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, сурат гирифт.
 
 
 

Январь 20, 2015 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид