Воридоти беш аз 100 барномаи таълимӣ ба Вазорати маориф ва илм
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар дар давоми соли 2014 ба вазорат 169 дастхати барномаи таълимӣ, китоби дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ ворид шуд. Аз ҷумла, 98 дастхат (18 барномаи таълимӣ, 14 китоби дарсӣ, 28 дастури таълимиву методӣ, 1 маводи аёнӣ, 37 асари бадеӣ) барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ; 84 дастхат (3 барномаи таълимӣ, 44 китоби дарсӣ, 35 дастуру воситаи таълимиву методӣ ва 2 монография) барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
Дар соли 2014 ба анбори китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илм 27 номгўй китобҳои дарсӣ ба миқдори 1млн 485 ҳазору 757 нусха ба маблағи 12 млн 801 ҳазору 456 сомонӣ, 52 номгўй маводи таълимӣ ба миқдори 371 ҳазору 006 нусха ба маблағи 2 млн 573 ҳазору 284 сомонӣ ва 4 номгўй адабиёти таълимӣ ба таври ройгон ба миқдори 25 000 нусха ба маблағи 43 ҳазору 401 сомонӣ ворид шудааст.
Дар соли 2014 ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 188 номгўй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн 638 ҳазору 094 нусха ба маблағи 16 млн 176 ҳазору 800 сомонӣ дастрас шуд. Ҳамчунин дар ин давра 128 номгўй маводи таълимӣ ба миқдори 292 ҳазору 271 нусха ба маблағи 2 млн 389 ҳазору 372 сомонӣ ва ба таври ройгон 58 номгўй адабиёти таълимӣ ба миқдори 5 156 нусха ба маблағи 116 ҳазору 542 сомонӣ ирсол шуд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






