Зане дар дидбонгоҳ
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). — Ба нишони қадрдонии хизмати меҳнаткашони соҳаи фаъолият ҳар сол рӯзи 22 январ ҳамчун Рӯзи кормандони гумрук таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини сардори Раёсати назорат баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудити Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хатича Раҳимова доир ба раванди кор дар ин соҳа ва паҳлӯҳои дигари фаъолият суҳбати кӯтоҳе анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.
Хатича Раҳимова зимни суҳбат иброз дошт: «Яке аз вазифаҳои асосии Раёсати мо пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти фаъолияти гумрукӣ мебошад, ки ин омил барои ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ва рушди сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъсиррасон аст. Дар баробари ин, барои соҳибкорон имтиёзҳои фаровон фароҳам оварда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳар як корманди мақомоти гумрук мекӯшад пайваста омӯзад ва дар ҳама ҳолат бояд мутахассиси кори худ бошад, зеро фаъолият дар ин мақомот на танҳо аз савияи дониши баланду чусту чолокӣ, балки ҳушёрии сиёсӣ низ вобастагии зиёд дорад».
Хатичабону нақшаи бо кори илмӣ машғул шуданро дорад, гарчанде гумрук имрӯзҳо соҳиби як донишкадаи илмист, аммо паҳлӯҳои таҳқиқнашуда низ дорад. Манзури ӯ таҳияи як дастури рӯимизӣ барои соҳибкорон аст, ки тамоми маълумоти лозимиро дар бораи интиқоли мол, таснифоти он ва қоидаҳои муҳимтарини гумрукӣ фаро гирад.
Маврид ба ёдоварист, ки Хатича Раҳимова дар мақомоти гумрук фаъолиятро аз зинаҳои поён- нозири дидбонгоҳи гумрукии «Саразм»-и шаҳри Панҷакент оғоз намуда, дар вазифаҳои нозири калони барасмиятдарории молҳои ба суроғаи КМ «Зарафшон» воридшаванда, сипас дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар вазифаҳои сарнозири Раёсати ташкили батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, сардори шуъбаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати мубориза бар зидди ҳукуквайронкуниҳои гумрукӣ кор кардааст.
Дар айни ҳол рутбааш подполковник буда, дар мақоми муовини сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит фаъолият дорад. Бинобар ба даст овардани натичаҳои назаррас бо нишони сарисинагии «Аълочии мақомоти гумруки Ҷумхурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






