Қ. Қосим: Паём-раҳнамои ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ

Февраль 9, 2015 15:46

 
Душанбе, 9.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Охири ҳафтаи гузашта дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  тавзеҳу  ташреҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат  ба  Маҷлиси  Олӣ ҷамъомад баргузор гардид.    
Сардори шуъбаи маҷмӯӣ ва иттилооти кумита Бахтиёр Назриддинов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷамъомад раиси кумита Қодири Қосим  мафҳум ва муҳтавои Паёмро шарҳ дода,  зикр кард, ки Паёми Президенти мамлакат  ба  Маҷлиси  Олӣ ҳуҷҷати дорои аҳамияти сиёсию иқтисодӣ ва таҳлилгари дастовардҳои мамлакат дар соли сипаригардида ва раҳнамои амалигардии ҳадафҳои афзалиятноки стратегии  мамлакат буда, нақши он дар рушду инкишофи кишвар муҳим арзёбӣ гашта, фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Муовини раиси кумита Анвар Наҷмиддинзода оид ба нуктаҳои алоҳидаи Паём сухан ронд. 
Аз ҷумла, зикр гардид, ки вақтҳои наздик татбиқи як силсила лоиҳаҳои муҳими давлатӣ, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, аз ҷумла сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000 ва лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз меёбад. Гузашта аз ин, корҳои лоиҳакашӣ ва омодагӣ ба оғози сохтмони неругоҳҳои обии “Шӯроб”, “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расонида мешаванд.
Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шумораи зиёди ширкатҳои дохилию хориҷӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷи захираҳои табиӣ, аз ҷумла нафту газ машғуланд, ёдовар шуда, таъкид дошт, ки иҷрои шартҳои созишномавӣ аз ҷониби онҳо мунтазам назорат шавад ва дар сурати иҷро нашудани шартҳо доир ба бозхонди иҷозатномаҳои онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.
Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари дахлдор барои беҳсозии сиёсати соҳа ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони истеҳсолӣ тавассути роҳандозии босамари шарикии давлат ва бахши хусусӣ чораҳои муассирро амалӣ намоянд.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои боз ҳам соддаву оммафаҳм намудани низоми андозбандӣ ва беҳсозии шароити рушди соҳибкорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар шароити имрӯза азхудкунии самараноку оқилонаи захираҳои қаъри замини Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои истихроҷ ва коркарди маъдан, инчунин корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва иктишофии конҳои нав тавассути ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими рушди соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, хусусан ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.
Барои ин, зарур аст, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҷараёни татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ба таври назаррас зиёд намудани саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ чораҳои иловагӣ дида шаванд. 
Дастгирии соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон 8,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 5,1 миллиард сомонӣ қарз дода шуда, ки нисбат ба соли 2013-ум 17 фоиз зиёд мебошад. Тайи 5 соли охир танҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо  шудаанд.
Раиси кумита Қодири Қосим ҷамъомадро натиҷагирӣ намуда, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва  коҳиш додани сатҳи камбизоатиро аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии  мамлакат маънидод карда, зикр намуд, ки ин ҳадафҳо муваффақона амалӣ гашта истодаанд. Қодири Қосим ҳамчунин таваҷҷуҳи кормандони кумитаро ба нуктаҳои алоҳидаи Паём, аз ҷумла оилаи солим, роҳ надодан ба хонадоршавии хешутаборӣ, оштинопазирӣ нисбат ба терроризм, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, ки  авҷ гирифтааст, ҷалб намуд. 
 
 
 

Февраль 9, 2015 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд