Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои олии касбии Русия
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои соҳаи фарҳанг эълон менамояд.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро то 07 феврали соли 2015 ба шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат пешниҳод намоянд.
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссияи қабул супоранд:
-анкета (дар комиссияи қабул пур карда мешавад), нусхаи аттестат ва нусхаи табели баҳоҳои ҷамъбастӣ, гувоҳномаи тиббӣ оид ба гирифтор набудан ба бемории СПИД, гувоҳномаи тиббии намуди №086 аз дармонгоҳи ҷойи истиқомат, нусхаи шиноснома, нусхаи шаҳодатномаи таваллуд, 6 дона сурати 4х6 .
Интихоби ихтисосҳо ва донишгоҳҳои олӣ дар сайти зерин ҷой дода шудаанд: www.russia-edu.ru








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






