Қадрдонии «Дружиначиёни ихтиёрӣ» аз ҷониби милитсияи тоҷик
Душанбе, 25.02. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва кормандони ғайриштатии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2014 бо иштироки вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Рустам Аҳтам, сардорони раёсатҳо, аъзои дружинаҳои халқӣ ва сардорони ситодҳо аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа Р. Раҳимзода зикр кард, ки: «Ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти сокинони кишвар, риояи қонуният ва мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ бе иштироки шаҳрвандон ғайриимкон аст. Такя намудан ба кумаки шаҳрвандон ва ташкилоти ҷамъиятӣ аз шартҳои муҳим ва самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба ҳисоб меравад».
-Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳисоби аҳли ҷомеа хоҳишмандоне, ки мехоҳанд нақш ва ҳиссаи худро ба ҳайси кормандони ғайриштатии милитсия ва дружинаҳои ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон гузоранд, рўз аз рўз зиёд шуда истодааст.
Ин далели он аст, ки фарзандони баномуси миллат дар шукуфоии Ватани худ ҳисса мегузоранд ва манфиатдор будани худро дар ин раванд нишон дода истодаанд»,- афзуд Р. Раҳимзода.
Дар хотимаи чорабинӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ як гурӯҳ кормандони ғайриштатии милитсия ва дружиначиёни ихтиёрӣ, ки дар пешгирии ҷинояткорӣ ва дастгир намудани ҷинояткорон фаъол буданд, бо туҳфаҳои арзишнок ва хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






