Қурби асъори хориҷӣ нисбатан паст шуд
Душанбе, 2.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ нисбатан паст шуда, ба ҳисоби миёна аз 5,6950-5,7100 то ба 5,6780-5,6980 сомонӣ коҳиш ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳамзамон қурбҳои миёнаи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ каме паст шуда, мувофиқан 0,0845-0,0860 сомонӣ ба як рубли русӣ ва мувофиқан 6,3560-6,3790 сомонӣ ба як евро баробар шуд.
29 январ қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе 5,6860-5,7060 сомонӣ, шаҳрҳои Хуҷанд 5,7000-5,7200 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 5,6800-5,7000 сомониро ташкил намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






