Ҳалли мушкилоти масоили иҷтимоии инфиродӣ ва коммуналӣ
Душанбе, 28.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Вохӯрии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо мардум идома дорад. Баъд аз дидор бо сокинони чанд деҳаи ҷамоати Даҳана иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Ҳисориён, Ҳакимов, Лоҳутӣ, Сарвароваи шаҳри Кӯлоб мулоқот кард.
Миёни раис ва сокинон суҳбати озоду самимӣ доир шуд, ки дар он масоили ҷойдоштаи маҳаллаҳои номбурда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар вохӯрӣ бо дастури Хайруллои Амонулло ҳамчунин муовинони раиси шаҳр ва масъулини идораву ташкилоти мухталифи шаҳр ширкат варзида, ба саволҳои сершумори мардум ҷавоб гуфтанд. Сокинон аз роҳбарияти шаҳр аслан ҳалли мушкилоти масоили иҷтимоии инфиродӣ ва коммуналии ҷамъятиро тақозо карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






