“Ҳамқадам”-нашрияи нав дар Қурғонтеппа
Душанбе, 07.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар шаҳри Қурғонтеппа нашрияи нав бо номи “Ҳамқадам”, ки аз чор саҳифа иборат мебошад, рӯи чоп омад.
Тавре ки сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шумораи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Маркази омӯзишии «Ҳамқадам», нишасти матбуотии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, ҳамчунин оид ба ҳаёту фаъолияти журналисти ҷавон Марҳабо Ғоибова, муовини сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон хабару мақолаҳо ба табъ расидаанд. Гуфта мешавад, ки дар рӯзномаи «Ҳамқадам» саҳифаи махсусе зери рубрикаи “Як гӯшаи диёр” низ мавҷуд аст, ки дар бораи мавзеъҳои таърихию тамошобоби навоҳии Хатлонзамин мавод нашр мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






