Ҳамкориҳои Филиали ДДМ бо донишгоҳҳои хориҷӣ
Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В. Ломоносов ҳоло дар Филиал 9 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки 1 нафари он аз Русия, 4 нафар аз Чин, 1 нафар аз Қазоқистон ва 1 нафари дигар аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Мутобиқи шартномаи дуҷонибаи табодули донишҷӯён дар Филиал як нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии техникии нефти Уфа таҳсил дорад.
Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Филиал ҳамкориҳои фаъоли дуҷонибаро бо Хадамоти олмонии табодули академӣ (DAAD), Комиссияи аврупоӣ (Эрасмус +), Шӯрои байналмилалӣ оид ба тадқиқоти илмӣ ва табодулҳо (Айрекс), Институти “Ҷомеаи кушода-Фонди мадад дар Тоҷикистон», Маркази фарҳангии «Бактрия» барқарор намудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






