Ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ
Душанбе, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- 20 феврали соли 2015 дар шаҳри Гаага дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев дар ҳузури намояндагони баландпояи ин Вазорат ба Котиби генералии Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ Кристов Бернасконӣ Номаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ (Конвенсияи апостил) расман супурд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ барои пеш аз ҳама беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва таъмини ҳуқуқии кафолату имтиёзҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ кӯмак хоҳад кард.
Бояд қайд намуд, ки Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ барои Тоҷикистон аз санаи 31 октябри соли 2015 вориди амал хоҳад шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






