Ҳар муҳоҷири меҳнатӣ инро бояд донад
Душанбе, 24.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Ба иттилои сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, дар давоми моҳи январ ва феврали соли 2015 дар як силсила ҷамоатҳои ноҳияи Ҷиргатол, шаҳраки Ваҳдат, Янгишаҳр ва маҳаллаҳои Саросиё, Саддара, Марказӣ, Наврўз, Занкон, Қарчин ва Майдонтерак корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд. Дар вохўрӣ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қонунҳо ва навгониҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба мардум ва сокинони ҷамоатҳо фаҳмонида шуданд.
Ҳангоми суҳбат бо муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, гирифтани патент, супоридани имтиҳон (тест) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР ва дигар паҳлўҳои муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Лозим ба зикр аст, ки дар вохўрии мазкур 536 нафар шаҳрванд иштирок намуда, аз қонунгузории ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бархурдор гардид ва чанд намуд буклетҳо дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ дар байни аҳолӣ тақсим шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






