Ҳарифони «Истиқлол» муайян гардиданд

Февраль 4, 2015 15:57

Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ҳарифони чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар айни замон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Туркия мегузаронад, барои ду бозии аввали санҷишӣ муайян шуданд.
Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон клуби футболи пойтахт барои гузаронидани ду бозии санҷишӣ бо клубҳои футболи «Элверсберг»-и Олмон ва «Шахтёр»-и Донетск ба мувофиқа расидааст. 
«Ҳарифи дастаи мо дар бозии якуми санҷишӣ клуби футболи «Элверсберг»-и Олмон мешавад, ки дар Бундеслигаи сеюми ин кишвар баромад мекунад. Баргузории бозӣ рӯзи 7-уми феврал ба нақша гирифта шудааст. Оғози бозӣ соати 18.00 бо вақти Душанбе. 
«Элверсберг» шаҳри Шпизен-Элверсберги Олмонро муаррифӣ мекунад. Клуб соли 1907-ум таъсис ёфта, дар лигаи дуюми минтақавии «Ҷануб-Ғарб»-и Бундеслигаи сеюми Олмон баромад мекунад. Дар айни замон «Элверсберг» баъди 20 бозӣ дар ҷадвали мусобиқа зинаи сеюмро ишғол мекунад. Бозии дуюми санҷишии худро чемпиони феълии Тоҷикистон бо «Шахтёр»-и Донетск мегузаронад. Вақти баргузории вохӯрӣ аниқ  мешавад», — гуфт роҳбари дафтари матбуоти «Истиқлол» Рустам Ҳакимов ба торномаи ФФТ.
 
 
 
 
 
 

Февраль 4, 2015 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст