Ҳомии Ватан- спартакиадаи варзишӣ

Февраль 6, 2015 15:12

Хуҷанд, 06.02.2015. (АМИТ Ховар, Абдуҳад Шарифзода).-Дирӯз дар  Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҳарбию варзишии Ҳомии Ватан оғоз ёфт. Ҳадафи мусобиқа аз ҷалби ҳомиёни ватан ба варзиш, баланд бардоштани дараҷаи тарбияи ҷисмонии онон,  мустаҳкам намудани алоқаи дӯстии байни сарбозону афсарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим  иборат аст. 
Мусобиқаи мазкур анъанавӣ буда, он ҳамасола бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ, яъне таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар  бо ташаббуси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд  роҳандозӣ мешавад. Дар мусобиқаи имсола 14 дастаи варзишгарон аз қисмҳои низомии ҳудуди вилоят иштирок намуда, аз рӯи 10 намуди варзиш, аз ҷумла:  бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 м, турниккашӣ, дастхобонӣ, муҳорибаи тан ба тан, бардоштани санг, футболи хурд, тирпарронӣ аз туфангчаи Макаров ва гузаштан аз монеаҳо  маҳорати худро нишон медиҳанд. 
Чорабинӣ то  20 феврал идома ёфта, ғолибон  ҳам дар ҳайати шахсӣ ва ҳам даставӣ бо туҳфаҳои хотиравии комиссариати ҳарбӣ мукофонида мешаванд. 

Февраль 6, 2015 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид