«Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар Хуҷанд
Душанбе, 17.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумхурии Тоҷикистон ва солгарди баровардани қӯшунҳои шӯравӣ аз Афғонистон, ҳафтаи гузашта даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мақсад аз чорабинӣ беҳдошти тарбияи ҳарбӣ-варзишии ҷавонон, содиқона муҳофизат намудани диёри худ ва омодагии ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мусобиқа аз рӯи намудҳои ҳаракатҳои сафӣ, иҷро кардани амалиёти сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа, кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг), ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои яроқи АК, тирҷойкунӣ ба тирдон, тирпарронӣ аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр баргузор гардид.
Ба мусобиқа беш аз 500 нафар ҷавон ҷалб гардида, дар натиҷа дастаҳои гимназияи №13, МТҒ «П.Пӯлотов» сазовори ҷои якум, дастаҳои гимназияи №4, Литсейи донишкадаи политехникӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаҳои МТМУ №14, МТҒ «Мактаби Иршод» сазовори ҷои сеюм гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






