Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон
Душанбе, 24.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бар асари барфрезиҳои шадиди ду рӯзи охир ва фаромадани тарма дар баъзе шоҳроҳҳо ва ағбаҳои кишвар, аз ҷумла дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ағбаи Хобурубод ҳаракати мошинҳо мавқуф гузошта шудааст.
Дар ин бора Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз тамоми шаҳрвандон, меҳмонон, бахусус ронандагону мусофирон даъват намудааст, ки то 26 феврал аз сафар ба тариқи шоҳроҳҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Тибқи пешгӯии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ то 26-уми феврали соли равон дар кишвар ҳавои ноустувор боқӣ мемонад. «Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тамоми шаҳрвандон ва меҳмононро огоҳ мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар худдорӣ кунанд, зеро дар пайи боридани барфи зиёд ҳаракат дар бархе аз шоҳроҳҳо душвор ва баста шудааст. Дар сурати бо зарурият сафар намудан ҳатман маводи ниёзи аввалро бо худ ҳамроҳ бигиранд»,-илова намуд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






