Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони русӣ

Февраль 14, 2015 10:17

Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Бо мақсади дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис додани марказҳои бозомӯзии забони русӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд корҳои муайян ба анҷом мерасанд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳамаи марказҳои таълимии вазорати мазкур дорои иҷозатномаи омӯзонидани забони русӣ мебошанд.
Бо мусоидати бевоситаи шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз оғози сол дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ғончӣ 127 нафар ба курсҳои омӯзиши забони русӣ ҷалб гардид.
«Тибқи нақша рӯзҳои наздик боз дар шаҳри Қайроққум, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Спитамен 65 нафар ба чунин курсҳо ҷалб мегарданд»,-илова намуд манбаъ.

Февраль 14, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид