Ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба омӯзиши забони русӣ
Душанбе, 14.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Бо мақсади дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис додани марказҳои бозомӯзии забони русӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати Хадамоти муҳоҷират ва Сарраёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд корҳои муайян ба анҷом мерасанд. Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳамаи марказҳои таълимии вазорати мазкур дорои иҷозатномаи омӯзонидани забони русӣ мебошанд.
Бо мусоидати бевоситаи шуъбаю бахшҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ аз оғози сол дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ ва Ғончӣ 127 нафар ба курсҳои омӯзиши забони русӣ ҷалб гардид.
«Тибқи нақша рӯзҳои наздик боз дар шаҳри Қайроққум, ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Спитамен 65 нафар ба чунин курсҳо ҷалб мегарданд»,-илова намуд манбаъ.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






