Ҷудо шудани хонаи сеҳуҷрагӣ ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кардааст, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.
Кӯдакони чоргоники модари 26-сола Гулшан Маҷнунова, ки яке писар ва сеи дигар духтар мебошанд, дар таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадаанд. Хабари ҷудо шудани хонаи сеҳуҷрагӣ ва мавриди ғамхорӣ қарор додани ин оила ба Гулшан Маҷнунова аз ҷониби муовини сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода ва дигар шахсони расмӣ, ки ба табрики ӯ омаданд, расонда шуд.
Ин модари ҷавон ва аҳли хонаводааш пеш аз ҳама аз сиҳату саломат таваллуд шудани чор кӯдак ва албатта аз чунин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, яъне хонаи сеҳуҷрагӣ басо шоду мамнун шудаанд. Падари Гулшан Аҳлиддин Маҷнунов низ аз таваллуди наберагони чоргоник ва ғамхории Президенти кишвар хушҳолу сипосгузор аст ва ба рӯзи эълони Соли оила рост омадани таваллуди ин кӯдакони дӯстрӯякро фоли наку меномад.
Ба гуфти табибони таваллудхонаи сеюми шаҳри Душанбе ба дунё омадани чоргоникҳо ва ба хусус солиму бардам таваллуд шудани онҳо падидаи нодир аст. Онҳо басо хурсанданд, ки таваллуди чоргоникҳо ва он ҳам дар рӯзи Соли оила эълон шудани соли 2015 ба ин таваллудхона насиб гардидааст.
Тавре иттилоъ доданд, барои солиму бардам ба дунё омадани ин кӯдакон модари онҳо тайи қариб ду моҳ дар ҳамин таваллудхона таҳти назорати табибони ботаҷриба қарор доштааст, зеро вазни умумии чор кӯдак ба ҳангоми таваллуд ба 7,9 кг баробар будааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






