Ҷузъи таъйиноти махсуси лижаронӣ дар ҳайати қӯшунҳои зудамал
Душанбе, 21.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -Бо назардошти он ки қисми низомии 02011-и қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар баландкӯҳи яке аз минтақаҳои дурдасти кишвар қарор дорад, дар ҳайати он аз ҳисоби як взвод ҷузъи таъйиноти махсуси лижаронҳо ташкил гардид, ки машғулиятҳои ҳамарӯзаи сарбозони ин ҷузъи таъйиноти махсус дар барномаи таълимӣ роҳандозӣ шудааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, талаботе, ки тибқи соатҳои дарсӣ ва дар доираи нақша тасдиқ гардидааст, дар сатҳи зарурӣ ва ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешаванд.
Ба ҳар як дарс афсари масъул вобаста гардида, талаботи муқараргардида қатъӣ риоя мешавад, чунки баъди анҷоми ҳама гуна машғулиятҳои ҳарбиву ҷисмонӣ ҳар як афсару сарбоз санҷиш месупорад. Ба андешаи сарбозони ин ҷузъи таъйиноти махсус истифода намудани асбобҳои лижаронӣ дар навбати аввал хеле мушкил менамояд.
Вале бо сайъу кӯшиши ҳамаҷониба ва дар муддати кӯтоҳ ин сарбозон на танҳо истифода намудани он, балки бо аслиҳаи оташфишон мусаллаҳ ва борхалтаи саҳроӣ дар пушт, ки на кам аз 20 кг вазн дорад, аллакай метавонанд асбобҳои лижарониро дар кӯҳистони душворгузару ноҳамвор истифода намоянд. Ҳатто зимни доир кардани амалиёт тирпаронӣ кунанд. Барои будубоши ҳайати шахсӣ дар ин қисми низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Тавре ки масъули қисми низомии мазкур Шоҳин Ҳафизов ба мо иттилоъ дод, новобаста аз сардии боду ҳавои ин минтақа, барои сарбозон дар ин ҷузъи ҳарбӣ тамоми воситаҳои гармидиҳӣ, ошхонаи кушоду барҳаво, майдончаҳои тактикиву оташфишонӣ ва дигар шароити рӯзмарраи хизматӣ муҳайё мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






