1309 нашъаманд дар Хатлон
Душанбе, 11.02.2015 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҳудуди вилоят 1309 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 17 нафараш зан аст. Тамоюли зиёдшавии миқдори нашъамандон дар соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бохтар, Вахш, Ёвон, Ҷомӣ, Фархор, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Данғара мушоҳида мешавад»,-ин нукта дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, ки дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид, таъкид гардид.
Аъзои Шӯро масъалаҳои алоқаманд оид ба иҷроин бандҳои дахлдори “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020”-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷаласа инчунин нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирву истеъмоли маводи нашъадор дар соли 2015 баррасӣ гардид. Пешниҳод гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳое, ки вазъи нашъамандӣ ташвишовар мебошад, аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилоят гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, санҷишҳои мунтазам ва ғайринавбатӣ гузаронида шавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






