54 миллион $ гранти БОР

Февраль 25, 2015 14:24

          Душанбе, 25.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони кишвар 25 феврал Созишномаи  грантӣ оид ба лоиҳаи  «Ҷорӣ намудани  ҳисобкунии яклухти  таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд /БОР/-ро тасдиқ карданд, ки арзиши умумии лоиҳаи мазкур 67 миллион $ -ро ташкил медиҳад.  
     Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур дар назди вакилони Парлумони кишвар гуфт, ки талабот ба неруи барқ дар ҷумҳурӣ аз сабаби набудани газ ва дигар манбаъҳои гармидиҳӣ бемайлон меафзояд ва қудрати шабакаҳои тақсимотии барқии кишвар, ки 30-40 сол пештар бунёд гардидаанд,  барои интиқоли ҳаҷми воқеии имрӯзаи истеҳсоли неруи барқ намерасад. Инчунин ҳисобкунакҳои барқӣ аз лиҳози техникӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуда, фарсуда шудаанд. Муовини вазири молияи мамлакат афзуд, ки набудани системаи ҳисоботи автоматикӣ, дахолати инсон ба  кори системаҳои ҳисобот ва напардохтани хаққи истифодаи неруи барқ  ба зиёд гардидани талафоти техникӣ ва тиҷоратии барқ оварда расонидаааст, ки  дар соли 2013 он 22 % -и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолгардидаро ташкил додааст.  
       Дар ин росто Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҷойдошта,  тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намуда, татбиқи ислоҳоти зарруриро  дар ин самт амалӣ  намудааст. Барои кам кардани талафоти неруи барқ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ, хусусан коҳиши талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд татбиқ шуда истодаанд. Алҳол Ҳукумати мамлакат татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар ноҳияи Панҷакент, ки дорои 261 ҳазор  аҳолӣ  ва якчанд корхонаи саноатист,  ба мақсад мувофиқ мешуморад. Дар ин ноҳия, гуфт намояндаи масъули вазорати молияи кишвар, талабот ба неруи барқ дар фасли  тобистон тақрибан ба 100 МВт ва дар фасли зимистон  ба 141 МВт  неруи барқ мерасад. Неруи барқ дар ноҳияи Панҷакент аз  зеристгоҳи Айнӣ 220 кВт  тавассути хати интиқоли якзанҷираи барқии 120 кВт аз зеристгоҳи Рӯдакӣ таъмин мешавад. 
     Неруи барқ дар ноҳи Панҷакент аз хати интиқоли барқии мазкур, ки соли 1956 бо иқтидори ниҳоии дар як шабонарӯз 67 МВт ба истифода дода шудааст, ки он барои пурра таъмин кардани аҳолии ноҳияи Панҷакент бо неруи барқ, ҳатто дар фасли тобистон кофӣ нест. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда 27 январи соли 2015 байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва  БОР Созишномаи грантии мазкур ба имзо расид. Арзиши умумии ин лоиҳа  67 миллион $ -ро ташкил дода, он аз ҳисоби гранти БОР дар ҳаҷми  54 миллион $ ва маблағи боқимондааш аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Барқи Тоҷик»  маблағгузорӣ мегардад.
       Ҳадафи лоиҳаи мазкур таъмини неруи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои  саноатӣ тавассути кам кардани талафоти неруи барқ, густариши иқтидори  интиқолии неруи барқ дар ноҳияи Панҷакент аст. Лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати якуми он ворид ва васлу насбb тақрибан 1100 ҳисобкунаки  муосири барқӣ, 1800 трансфарматори шиддатӣ ва ҷараёнӣ дар тамоми зеристгоҳҳо дар назар дошта шудааст. Дар қисмати дуюми он сохтмони  хати интиқолии барқи якзанҷираи 220 кВт   аз зеристгоҳи Айнӣ 110 кВт то зеристгоҳи Рӯдакӣ 220 кВт,  110 кВт Панҷакент ба масофаи тақрибан  95 км ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа талафоти неруи барқ дар соли 2025,  ки дар соли 2013 ба 22% баробар буд, ба 3,5 %  коҳиш дода шуда, норасоиии иқтидори интиқоли неруи барқ дар Панҷакент аз байн бурда мешавад. Яъне,  иқтидори интиқоли неруи барқ дар ин ноҳия аз 67 МВт  ба 320 МВт расонида мешавад.
 
 
 
 
 

Февраль 25, 2015 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нав мегарданд
ФИЛМИ ҲУНАРИИ «ВИҶДОН». Дар пасманзари он маконҳои зебои сайёҳиву ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон меборад
Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид