7600 сокини Бохтар дар муҳоҷирати меҳнатист
Душанбе, 10.02.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон аз калонтарин ва сераҳолитарини ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад ва сокинони ин ноҳия низ аксаран ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.
Кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Бохтар дар ҷамоату шаҳрак, деҳот ва муассисаҳои таълимиву масҷидҳо бо сокинон вохӯриҳо гузаронда, дар бораи дастурҳои сафар ба хориҷа, эмин будан аз бемориҳои сироятӣ зимни муҳоҷирати меҳнатӣ ва қонуну қоидаҳои будубош дар ФР маълумотҳо доданд.
Бино ба иттилои Раёсати ХМ дар вилояти Хатлон, имрӯз 7600 нафар сокини ин ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Кормандони хадамот аз ҷумла бо пайвандону наздикони муҳоҷирони меҳнатии ин ноҳия вохӯрданд.
Кормандони ин бахш кӯшиш доранд дар самти маълумотонии аҳолӣ бо муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






