А. Зуев: «Бо Э. Раҳмон барномаи панҷсолаи ояндаро баррасӣ кардем»

Февраль 10, 2015 08:47

 
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт. 
Александр Зуев аз рӯи натиҷаи мулоқот зикр намуд, ки зимни суҳбат бо Сарвари ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барномаи панҷсолаи ояндаро мавриди баҳс қарор доданд, ки дар доираи он тамоми сохторҳои СММ метавонанд барномаҳои худро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд. «Мо пешбинӣ мекунем, ки дар доираи ин барномаи панҷсола ниҳодҳои гуногуни СММ имкониятҳои худро васеъ карда, барномаҳои наверо роҳандозӣ менамоянд. Тахминан барномаҳои СММ ба миқдори 11 фоиз зиёд аз нишондодҳои панҷ соли гузашта зиёд  мешаванд. Мо ба роҳбари давлат дар хусуси он барномаҳое, ки дар давоми солҳои 2010 — 2015 амалӣ намудем, иттилоъ додем. Аз ҷумла дар хусуси он, ки намояндагии СММ барои баланд бардоштани сифати идора ва натиҷабахшии идораи дастгоҳи ҳукумат, пойгоҳи ҳуқуқии адлия, махсусан барои коркарди зиёда аз сӣ қонуни муҳим саҳми зиёде гузоштааст. Ҳамчунин дар барномарезии ислоҳоти кишоварзӣ, барномаи миллии паст кардани сатҳи хатарҳои табиӣ ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, махсусан бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар робита ба таҳияи барномаи рушди миёнамуҳлат низ саҳми СММ буд»,-илова намуд А. Зуев. 
А.Зуев ҳамчунин хабар дод, ки дар мулоқот  ба лоиҳаҳои соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таҳияи консепсия, мустаҳкам кардани волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон низ диққати хосса дода шуд. Ҳамчунин вазъи занону маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд, пирон ва онҳое, ки ба кумакҳои иловагии иҷтимоӣ ниёз доранд, мавриди муҳокима қарор гирифт. 
А. Зуев иттилоъ дод, ки тӯли солҳои 2010-2014 дар доираи амалисозии барномаҳояшон 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ сарф кардаанд. 
«Кумакҳои мо ба он падидаҳое, ки дар кишварҳои ба Тоҷикистон таъсиргузор пайдо шудаанду паёмадҳояшон дар иқтисоди Тоҷикистон дида мешаванд, равона мешаванд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ ниҳодҳои СММ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар оянда низ дар доираи ин барномаҳояшон кумакҳои худро идома хоҳанд дод»,-зикр кард намояндаи доимии Барномаи рушди СММ, ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23  ниҳоди СММ фаъолият мекунад.
 
 

Февраль 10, 2015 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд