Аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз ИДМ дар КМИР

Февраль 12, 2015 11:34

Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр). — Имрӯз, 12 феврали соли 2015 дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷаласаи навбатии комиссия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Дафтари ниҳодҳои демократии ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ДНДҲИ/САҲА),  инчунин натиҷаҳои санҷиши шикояти шаҳрванд Бузургмеҳр Ёров нисбат ба қарори комиссияи ҳавзавӣ ҷиҳати рад кардани бақайдгирии номзадии ӯ дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ №8 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мутобиқи талаботи моддаҳои 82  ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ  56  нафар нозири байналмилалӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва 19 нафар аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва 1 нафар аз ДНДҲИ/САҲА аккредитатсия шуда, ба онҳо шаҳодатномаи нозири байналмилалӣ супорида мешавад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба таъмини фаъолияти босамар ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои нозирони байналмилалӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
То имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 208 нафар нозир аз созмонҳои байналмилалӣ аккредитатсия шудааст. Онҳо  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ ба интихоботҳои дарпешистода, аз ҷумла бо фаъолияти комиссияҳои поёнии интихобот аз наздик шинос шуда истодаанд ва мунтазам дар ҷаласаҳои комиссияҳои интихоботӣ ширкат меварзанд.
Масъалаи аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Доир ба масъалаи дуюми ҷаласа зикр гардид, ки узви Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон  Бузургмеҳр Ёров 14 январи соли 2015 ба ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ №8  дар бораи ба тариқи худпешбарӣ ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба қайд гирифтани номзадиаш ариза пешниҳод намудааст.
Бинобар сабаби ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардани як қисми ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраршуда, аз ҷумла пешниҳод накардани маълумот дар бораи амволи ба моликияти шахсиаш мансуб буда ва насупоридани маблағи гарави интихоботӣ бо қарори комиссияи ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ №8  номзадии ӯ ба қайд гирифта нашудааст.
Аз қарори қабулнамудаи комиссияи ҳавзавӣ Б. Ёров норозӣ   шуда, бо шикоят ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ муроҷиат кардааст, ки қарори мазкур бекор карда шавад.
Дар натиҷаи санҷиши шикоят муайян гардид, ки Ёров Б. воқеан ҳуҷҷатҳои мазкурро ба комиссияи ҳавзавӣ пешниҳод накардааст.
Бинобар ин, бо қарори КМИР шикояти Ёров Б.  рад карда шуда, қарори комиссияи ҳавзавии якмандатии интихоботии Сомонӣ №8   бетағйир монда шуд.

Февраль 12, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад