Анҷоми омӯзишӣ-машқии доварони тоҷик дар Анталия

Февраль 19, 2015 10:52

Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Доварони футболи  лигаи олии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даҳрӯзаи худро дар Анталияи Туркия анҷом доданд.
Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, 12 нафар доварони футболи лигаи олии Тоҷикистон дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ дар Анталияи Туркия иштирок карданд. Дар давоми баргузории ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ доварони тоҷик зери роҳбарии собиқ рефери ФИФА Абдураҳим Бобоев ба машғулиятҳои амаливу назариявӣ фаро гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки дар Анталия доварони мо аз лиҳози ҷисмонӣ, назариявӣ ва равонӣ сайқал ёфтанд. Дар давоми баргузории ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ онҳо 16 бозии санҷиширо бо иштироки дастаҳои футболи осиёгиву аврупоӣ ҳакамӣ намуда, таҷриба омӯхтанд. 
Ёдовар мешавем, ки дар айни замон онҳо бозиҳои марҳилаи пешакии мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро, ки дар се минтақа — Душанбе, Суғд ва Хатлон доир шуда истодаанд, доварӣ мекунанд.

Февраль 19, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад