Баландии Парчами давлатӣ дар Нуробод 35 метр аст

Февраль 9, 2015 10:06

 Душанбе, 09.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Чанде пеш дар даромадгоҳи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 35 метр, бо таносуби бару дарозии умумии   4,5 ба 9 метр қомат афрохт. 
Тибқи иттилои корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳия Гулрухсор Неъматова бахшида ба ин муносибат дар ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. 
Раиси ноҳияи Нуробод Сайдамир Сиёмарзода мардуми  минтақаро бо парафшонии Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдории  миллати тоҷик аст, табрик намуда, гуфт: «Парчами тоҷикон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
 

Февраль 9, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд