Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ
Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Фан Сянжун 11 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Фан Сянжун дар оғози суханронии худ Неъматулло Ҳикматуллозодаро барои таъин гардиданаш ба мансаби вазири рушди иқтисод ва савдо табрик намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкорӣ миёни Вазорат ва мақомоти иқтисоии Хитой рушд хоҳад ёфт.
Н.Ҳикматуллозода дар навбати худ, ба ҷониби Хитой барои ҳамкории гуногунҷанба изҳори миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






