Баррасии ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Брюссел
Душанбе, 02.02.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 январи соли 2015 дар шаҳри Брюссел дар доираи афзалиятҳои раисии Ҷумҳурии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бо мусоидати “Institute for European Politics” ва “EU Institute for Security Studies” дар мавзӯи “Ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: санҷиши воқеият, сабақҳои омӯхта ва дурнамо” конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс ҳамаи панҷ намояндаи доимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо, котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Латвия Андрей Пилдеговикс, намояндаи махсуси Котиби генералии СММ дар Осиёи Марказӣ, директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда Мирослав Енча, собиқ намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морел, директори департаменти Аврупо ва Осиёи Марказии Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо Фернандес Де Ла Пена, дигар намояндагони баландпояи Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо, як гурӯҳ сафирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел, олимон, коршиносони донишкадаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар шахсони баландпоя иштирок намуданд.
Иштирокчиён оид ба ҷараёни татбиқи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ» дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба маълумот дода, пешниҳодҳои мушаххаси худро доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ манзур намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои нигоҳдорӣ ва мустаҳкам намудани амнияти минтақавиро муфассал баррасӣ карданд.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо, Сафир Рустам Солиев зимни суханронии худ оид ба сатҳи кунунии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоли Аврупо маълумот дода, изҳори умедворӣ намуд, ки Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ дар таҳрири нав шароити кунунӣ дар минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъият дар Афғонистонро ба назар гирифта, ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






