Баррасии Конвенсияи СММ дар Парлумони Тоҷикистон

Февраль 4, 2015 15:25

       Душанбе, 04.02.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми худ, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид,  Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳидро тасдиқ карданд.
          Масъалаи мазкурро муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Парвиз ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим шарҳ дода, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Конвенсия оид ба имтиёз ва масуниятҳои муассисаҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид  21 ноябри  соли 1947 дар шаҳри Ню-Йорк аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуда ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ва ҳамроҳшавӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Конвенсияи  мазкур аз 11 модда, ки ба 49 фасл тақсим шудааст ва 18 замима иборат мебошад. Масуниятҳои Конвенсияи мазкур асосан оид ба дахлнопазирии амвол, фонд, даромадҳо, дахлнопазирии шахсии намояндагони муассисаҳои махсус, шахсони мансабдор ва аъзои оилаи онҳо марбут мебошанд. Конвенсия имтиёзҳои андозбандӣ, гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро низ муқаррар менамояд.

Февраль 4, 2015 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид