Баррасии масоили муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ
Душанбе, 20.02.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ба иттилои сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ Сиҷоуддин Саидов дар ҷамоати деҳоти «Намуна»-и ноҳияи Панҷ кормандони бахши ХМ дар якҷоягӣ бо корманди барномаи касалиҳои сил бо сокинони маҳаллаи Сомон-2 мулоқот намуданд.
Дар вохўрӣ сардори бахши Хадамоти муҳоҷират С.Саидов, муовини раиси ҷамоат М.Ёрматов ва раиси маҳаллаи Сомон -2 Х.Алимардонов, инчунин қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок доштанд.
Сардори бахши ХМ дар ноҳия Сиҷоуддин Саидов гуфт, ки: «Аз 1-уми январи соли 2015 дар қонунгузории Федератсияи Русия оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тағйироти нав ворид гардид, ки мувофиқи он муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд дар назди шахсони ҳуқуқӣ низ бо патент кор кунанд.
Низоми нави патент танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое, ки бо ФР низоми раводид надоранд, аз ҷумла ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад. Патенти нав аз пешин ба куллӣ фарқ мекунад. Ҳам аз лиҳози муҳлати дархост, ҳам аз шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷми андоз аз даромади шахсони воқеӣ.
Гуфта мешавад, минбаъд барои гирифтани патент муҳоҷири меҳнатӣ бояд Сертификати донистани забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ФР, маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва бемории норасоии масъунияти бадан (ВИЧ), полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ва расиди пешпардохти андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ)-ро пешниҳод намояд.
Мувофиқи тартиби нав шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани патент бояд дар давоми 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ФР ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд. Агар дар ин муддат муҳоҷири меҳнатӣ барои гирифтани патент муроҷиат накунад, он гоҳ аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми ҷарима бештар аз 10 ҳазор рублро дар бар мегирад.
Ҳаҷми моҳонаи андози патентро минтақаҳои федералӣ мустақилона муқаррар менамоянд, барои мисол дар Маскав ва вилояти Маскав андози моҳонаи патент 4 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Масъулини ХФМ Русия низ хабар медиҳанд, ки андози мазкур дар манотиқи Русия гуногун буда, қариб, ки дар нисфи минтақаҳои федералӣ ба ҳисоби миёна ба 1800 рубл баробар аст. Афзалияти патенти нав дар он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ бо ин ҳуҷҷат метавонад ҳам дар шахсони воқеӣ ва ҳам дар шахсони ҳуқуқӣ, яъне корхонаву муассисаҳо фаъолият кунад. То ин дам барои дар шахсони ҳуқуқӣ кор кардан иҷозати корӣ гирифтан лозим буд.
Иҷозатномаи корие, ки дар соли 2014 гирифта шудааст, дар тафовут ба патенти соли гузашта дар соли нав низ то анҷоми муҳлаташ истифода мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳрвандони ноҳия бояд доир ба қонунгузории ФР дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйироту иловаҳо ва супоридани имтиҳон (тест) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ФР маълумоти мукаммал дошта бошанд.
Дар навбати худ М.Хушакулова, корманди Барномаи касалиҳои сил ҷиҳати пешгирии касалиҳои сил ва оқибатҳои нохуши он суҳбат намуда, хатарҳо ва оқибатҳои ин бемориро ба сокинони маҳалла фаҳмонид.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






