БАТР барои шаҳри туристии Тоҷикистон қарз медиҳад

Февраль 26, 2015 16:29

        Душанбе, 26.02.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Бонки аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ барои ҳалли масоили марбут ба идораи партовҳои сахти маишии шаҳри туристии Тоҷикистон -Норак 5,3 миллион $ ҷудо менамояд. Дар иртибот ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАТР оид ба лоиҳаи идораи  партовҳои сахти маишии шаҳри Норакро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. 
           Арзиши умумии лоиҳаи мазкур  5,3 миллион $ буда, аз он 2 миллион $ қарзи имтиёзноки БАТР, 2 миллион $ гранти фонди БАТР  -ро ташкил медиҳад. Инчунин 1,3 миллион $  барои гузаронидани корҳои машваратӣ сарф  мешавад.
    Ҷамолиддин Нуралиев-муовини  аввали вазири молияи кишвар дар ҷараёни тавзеҳи санади мазкур дар Парлумон гуфт, ки ҳадафи лоиҳа ҷорӣ намудани  технологияи муосири  идораи партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави  ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, сохтмони партовгоҳи нави марказӣ, ки ҷавобгӯ ба стандартҳои санитарию экологии ҷаҳонист ва беҳдошти вазъи санитарию экологии шаҳри энергетикии Тоҷикистон -Норак мебошад. Зикр шуд, ки алҳол дар шаҳри Норак 27 нуқтаи ҷамъоварии партовгоҳ мавҷуд аст, ки ҷамъоварии онҳо тавассути техникаи кӯҳна ва бо усули дастӣ бор кардан сурат мегирад. Бо татбиқи лоиҳаи мазкур системаи ҷамъоварии партовҳои сахти маишии ин шаҳр таҷдид мегардад. Таъкид гардид, ки алҳол дар шаҳри Норак 23 ҳазор аҳолӣ  ва 172 ташкилоту муассиса аз  хизмати Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр бархурдоранд.
          Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Норак дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ буда, масоҳаташ 394,5 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Норак дорои  57,3 ҳазор аҳолист ва дар ин шаҳр яке аз калонтарин неругоҳи барқи обии Тоҷикистон «Норак» бунёд шудааст.         

Февраль 26, 2015 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид