«Билайн»-сарпарасти бозии «Хайр» ва «Шайх Рассел»

Февраль 3, 2015 16:05

Душанбе, 03.02.2015 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ширкати  мобилии «Билайн» дар бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх Рассел» ба сифати сарпарасти генералӣ баромад мекунад.  
Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, сарпарастони расмии бозӣ ширкати нӯшокиҳои нерубахши XL ва мағозаи либосҳои мӯдии «Милано Мода» мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни «Хайр» ва «Шайх Рассел» рӯзи 10-уми феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола мебошад. Доварони канорӣ ҳамватанони ӯ Ҷумъа Муҳаммад Ал-Буршаид ва Саул Аҳмад Ал-Макалеҳ мебошанд, ки ҳар ду 26 сол доранд. Вазифаи довари эҳтиётиро Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32-солаи қатарӣ бар уҳда дорад. Комиссари ин бозӣ сардори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Ӯзбекистон Алим Арифов таъйин шудааст.
 

Февраль 3, 2015 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст