Боздиди Қ. Расулзода аз сохтмонҳои ҷашнии Кӯлоб

Февраль 12, 2015 14:01

 
Душанбе, 12.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар  партави тавҷҷуҳи доимӣ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  дар  шаҳри  Кўлоб  бахшида ба  таҷлили сазовори 700-солагии олим ва мутафаккири оламшумул Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи Давлатии  Кўлоб  ба  номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ  ва пойтахти фарҳангии ИДМ  эътироф  гардидани  шаҳри  Кўлоб бо маблағгузории Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   сохтмон, таъмир ва навсозии як зумра  иншооти  ҷашнӣ  ба роҳ монда  шудааст. 
Ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ бо  роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир   Расулзода  бо  ҳолати  корҳои  сохтмонӣ ва навсозию таъмирии иншооти  ҷашнӣ  дар    шаҳри  бостонии Кўлоб  ва ҷараёни татбиқи лоиҳаи  сохтмони роҳ  дар минтақа   шинос  шуданд.
Бо  назардошти он, ки таъмини пешрафту ободии  шаҳри Кўлоб чун  дигар  шаҳру  ноҳияҳои  мамлакат дар мадди назари Сарвари  давлат  Эмомалӣ  Раҳмон  қарор  дорад,  ба  истиқболи  санаҳои  фархунда  ва  истиқболи  сазовор  аз ҷашнҳои  таърихӣ дар ин шаҳр  ҳоло  таъмиру  тармими  мақбараи  алломаи бузург Мирсайид Алии  Ҳамадонӣ, қасри фарҳанг, муҷтамаи  2700-солагии Кўлоб, боғи фарҳангу  фароғатии шаҳр, сохтмони  биноҳои  истиқоматӣ барои ҳайати устодон ва кормандони гимназияи президентӣ ва сохтмони бинои нави маъмурии  Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи  Рўдакӣ   бо  маром  идома  доранд. 
Сарвазири  мамлакат   Қоҳир  Расулзода  аснои  боздид  аз иншооти  мазкур   роҳбарони   вазорату   идораҳои  дахлдор,  роҳбарияти вилоят, шаҳр  ва  лоиҳакашону  бинокоронро  барои  таъмини   иҷрои  бо  сифати  нақшаи  корҳои  пешбинишуда, навсозӣ ва беҳтаргардонии  намои берунии иншооти ҷашнӣ  ва  дигар биноҳои  атроф, вусъати корҳои ободонӣ  ва  хуррамгардонӣ вазифадор намуд. Дар  аксар  иншооти  асосӣ,  аз  ҷумла   мақбараи  алломаи  бузург  Мирсайид  Алии  Ҳамадонӣ,  муҷтамаи  2700-солагии  Кўлоб,  боғи   фарҳангу   фароғатии  шаҳр,  бинои  истиқоматӣ  барои  ҳайати  устодон  ва  кормандони  гимназияи  президентӣ пешбинишуда  ва бинои нави маъмурии  Донишгоҳи  Давлатии  Кўлоб  ба  номи  Абўабдуллоҳи Рўдакӣ  корҳои асосӣ  анҷом ёфта  ва  ё  дар  марҳилаи  анҷомёбӣ   қарор   доранд.  Дар   Қасри   фарҳанги   шаҳр    корҳои  зиёди   таъмирию  ободонӣ   ва  навсозии бинои асосию  толори тамошо  нотамом монда, бояд то ташрифи меҳмонони ҷашнвораҳои бузург ба анҷом расонида шаванд.
Дар  ин  рўз  Сарвазири  мамлакат  Қоҳир  Расулзода  ҳамзамон  бо ҳолати  татбиқи  лоиҳаи  сохтмон ва  навсозии  қитъаи Шўрообод-Шоҳони  роҳи  мошингарди  Кўлоб — Қалъаи  Хумб шинос шуд. Ин қитъаи роҳ, ки бунёди кӯпруки марказии шаҳри Кўлоб  низ  дар он пешбинӣ шудааст, масофаи  беш  аз  40 километро дар бар  мегирад.
 Ҳарчанд татбиқи лоиҳа беш аз чор сол боз идома дорад, вале ҳолати  корҳо  дар  иншоот  нигаронкунанда  мебошад. Барои  анҷоми сохтмон  ва  навсозии  кӯпруки  роҳи  марказии  Кўлоб  то  якуми  март муҳлат   муқаррар  шуд. Умуман анҷоми сохтмон ва навсозии қитъаи Шўрообод-Шоҳони роҳи  мошингарди Кўлоб- Қалъаи Хумб, ки пудратчии  кулли  он  Ширкати  байналмилалии  «Комбайн групп Текар»-и  Туркия  мебошад,   мебоист охири моҳи декабри соли 2014  ба  итмом  расонида  мешуд. Вале  бо сабаби саҳлангорӣ дар корҳои роҳсозии қитъаҳои  алоҳида  ва  сари вақт аз худ накардани маблағҳои ҷудогардида  анҷоми он то охирҳои моҳи октябри соли равон  мавқуф  гузошта  шудаанд. 
Дар лоиҳаи  мазкур, ки    бо  ҳиссагузории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарзи  хазинаҳои   гуногуни  давлатҳои  Араб  ва  хазинаи кишварҳои  содиркунандаи  нефт (ОПЕК)  амалӣ  мегардад,  шумораи коргарон     302  нафар  ва  теникаю  таҷҳизоти  роҳсозӣ 130 адад мебошад.  Дар  маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва хазинаҳои  шарик   мушкилоте   мавҷуд   нест,  бо  вуҷуди  ин    то  ба ҳол аз  ҳисоби  маблағҳои  ҷудогардида  27-28 миллион сомонӣ аз худ карда нашудааст.  
Бо назардошти  ғайриқаноатбахш будани корҳои роҳсозӣ қарор дода шуд, ки  барои ташкили кори  бонизом  дар  ҳама  қитъаҳои  сохтмон,   ислоҳи   камбудию    нуқсонҳои   кӯпрукҳои  бунёдшудаи лоиҳа  ва  таҳияи   нақшаи  корҳо   барои   ҳар  моҳи тақвимӣ тадбирҳои зарурӣ  амалӣ  намоянд ва  ҳолати  корҳои  иҷрогардида  охири  ҳар  моҳ  дар   ситоди  корӣ   бо  иштироки  Сарвазири  мамлакат  натиҷагирӣ  шавад.
 
 
 

Февраль 12, 2015 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд