Боздиди гурӯҳи кории ФФТ аз шаҳру навоҳӣ

Февраль 19, 2015 13:57

Душанбе, 19.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Аз 17 то 19 феврал гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳайати Алишер Урунов, Сафар Каримов, Раҳмон Муртазоев ва котиби масъули Федератсияи футболи вилоят Аҳлидин Юнусов барои шинос шудан бо вазъи дастаҳои қаламрави вилоят аз чанд шаҳру ноҳия дидан кард.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд  хабар додааст, гурӯҳ ба шаҳру навоҳии Спитамен, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва Истаравшан рафта, оид ба вазъи дастаҳои футболи ин минтақаҳо бо масъулин мулоқот намуд.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин аз варзишгоҳҳое, ки дар он  бозиҳои имсолаи мавсими футбол барпо мешаванд, боздид намуд.

Февраль 19, 2015 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид