Боздиди масъулини Кумитаи ҷавонон аз қисми низомии 2720
Душанбе, 05.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Дар доираи сафари корӣ масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат ва сохторҳои он дар вилояти Хатлон аз қисми низомии 2720-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритуз дидан намуда, бо сарбозону афсарон ва ҳайати шахсии он суҳбат намуданд.
Зимни суҳбат масъулини Кумита, Раёсати вилоятӣ ва бахши ҷавонони ноҳияи мазкур оид ба дастгириҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ сухан карда, ҷавононро барои хизмати содиқонаву фарзандона ва барои ҳимояи марзу буми Ватани хеш, таҳкими Вахдати миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ҳидоят намуданд.
Масъулин ба нафароне, ки ихтиёран ба сафи Артиши милли шомил шудаанд, аз номи рохбарияти Кумитаи ҷавонон изҳори сипос карда, даъват ба амал оварданд, ки то абад бо ҳам дӯсту иттифоқ бошанд. Ҳамзамон командири қисми ҳарбӣ ва чанд нафар сарбози қаторӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти кишвар сухан гуфтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






