Боздиди намояндаи тиҷоратии Туркия аз МОИ «Суғд»
Душанбе, 02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш Намояндаи тиҷоратии сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳаққи Барутчу дар ҳошияи сафари кориаш ба вилояти Суғд аз Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боздид намуд.
Назар ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Ҳаққи Барутчу бо фаъолияти МОИ, ки дар он барои роҳандозии тиҷорат ҳамаи шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, муфассал шинос шуд.
Қобили зикр аст, ки алҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо ҷалби сармояҳои маҳаллию хориҷӣ 25 корхона ба қайд гирифта шудааст.
Ҳаққи Барутчу изҳор дошт, ки Туркия барои рушду густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон саъй мекунад.
«Туркия ба рушду густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Сафари мо ба идома ёфтани ҳамкории мутақобилан муфиди тоҷирони Туркия ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», — афзуд Ҳаққи Барутчу.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






