Боздиди намояндаи тиҷоратии Туркия аз МОИ «Суғд»

Февраль 2, 2015 11:32

Душанбе,  02.02.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Чанде  пеш  Намояндаи  тиҷоратии сафорати  Туркия  дар  Тоҷикистон  Ҳаққи  Барутчу  дар  ҳошияи сафари кориаш  ба  вилояти  Суғд аз Минтақаи  озоди иқтисодии  «Суғд»  боздид  намуд. 
Назар  ба  иттилои Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон, Ҳаққи  Барутчу  бо фаъолияти МОИ,  ки   дар  он  барои роҳандозии тиҷорат  ҳамаи  шароити  зарурӣ  фароҳам оварда шудааст,  муфассал  шинос  шуд.
Қобили  зикр  аст, ки  алҳол  дар  Минтақаи озоди  иқтисодии  «Суғд»  бо ҷалби  сармояҳои  маҳаллию  хориҷӣ 25  корхона  ба  қайд  гирифта шудааст.
Ҳаққи  Барутчу  изҳор  дошт,  ки  Туркия  барои  рушду  густариши ҳамкориҳои  тиҷоратию  иқтисодӣ  бо  Тоҷикистон  саъй  мекунад. 
«Туркия  ба   рушду  густариши  муносибатҳои   дуҷонибаи кишварҳоямон  аҳамияти  хоса зоҳир  менамояд. Сафари  мо ба идома ёфтани ҳамкории  мутақобилан  муфиди тоҷирони Туркия  ва  Тоҷикистон  мусоидат   хоҳад  кард», —  афзуд  Ҳаққи  Барутчу.

Февраль 2, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад